Тавофуқ барои истихдоми коргарони тоҷик дар корхонаҳои Кореяи ҷанубӣ
Вазири меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон аз тавофуқ барои истихдом(бакоргири)и коргарони тоҷик дар корхонаҳои Кореяи ҷанубӣ хабар дод.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Ширин Амонзода гуфт,ки дар дидор бо Кван Донг Сак-сафири Кореяи ҷанубӣ дар Тоҷикстон ин мавзӯро баррасӣ кардааст.
Вай афзуд : Аммо ба далели надонистани забони кореяӣ дар марҳилаи нахуст коргарони тоҷик барои кор дар ширкатҳо ва корхонаҳои саноъатии муштарак ба Русия сафарбар мешаванд.
Ӯ изҳор кард қарор аст дар ду Донишгоҳи давлатии забонҳои хориҷӣ ва Донишгоҳи омӯзгории Душанбе донишкадаи забони кореяӣ эҷод, то заминаи омӯзиши коргарони муҳоҷири тоҷик қабл аз эъзоми онон ба Корея фароҳам шавад .