Корона дар Тоҷикистон ба таътилот рафт?!
Дар Тоҷикистон тайи шабонарӯзи ахир ҳеч мавриди нави мубтало шудан ба Ковид - 19 сабт нашудаву шумори ин беморон бидуни тағйир ҳамон 13 ҳазору 296 нафари қабл эълом шуд.
Ба гузориши маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, шумори ҷонбохтагони Ковид - 19 низ то соати 19 рӯзи ҷумъаи аввали январи соли 2021 бидуни афзоиш ҳамон 90 нафари қабл аст.
Аз 13 ҳазору 296 бемори гирифтори корона дар Тоҷикистон то кунун 12 ҳазору 894 нафар беҳбуд ёфтаанд.
Дар шабонарӯзи гузашта 95 бемори коронаӣ низ аз бемористонҳои Тоҷикистон мурраххас шудаанд.
Сабт нашудани ҳеч мавриди ҷадиди Ковид - 19 дар 24 соати ахир дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки дар моҳҳои ахир ҳар рӯз ҳудуди 30 бемори ҷадид шиносоӣ мешуд.
Бештар бихонед:
- 20 дарсади ҷамъияти Тоҷикистон ба ваксинаи корона ниёз дорад
- Коҳиши мавориди ҷадиди Ковид - 19 дар Тоҷикистон