Пешниҳоди тағйири номи қуллаи Пётри Кабир ба Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ
(last modified Fri, 01 Jan 2021 17:38:16 GMT )
Январ 01, 2021 22:38 Asia/Dushanbe
  • Дар Тоҷикистон барномаи тағйири номҳои ҷуғрофиёии даврони Шуравӣ ба номҳои бузургони миллати тоҷик идома дорад
    Дар Тоҷикистон барномаи тағйири номҳои ҷуғрофиёии даврони Шуравӣ ба номҳои бузургони миллати тоҷик идома дорад

Шӯрои намояндагони ноҳияи Тоҷикобод дар шарқи Тоҷикистон бо ирсоли дархосте ба ҳукумати кишвар, зарурати тағйири номи қуллаи Пётри Кабир ба Абуабдуллоҳ Рӯдакиро матраҳ кардааст.

Ба гузориши сомонаи Спутник, ин қулла дар миёнаи ду рӯдхонаи Сурхоб ва Хингоб, дар байни ноҳияи Тоҷикобод ва вилояти кӯҳистони Бадахшон воқеъ шудааст, ки 143 сол қабл кӯҳнавардони рус онро шиносоӣ ва Пётри Кабир номгузорӣ карданд.

Акнун Шӯрои намояндагони ноҳияи Тоҷикобод хостори тағйири номи ин қулла ба Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, падари шеъри форсӣ шудааст ва ин пешниҳод дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон баррасӣ хоҳад шуд.

Дар Тоҷикистон барномаи тағйири номҳои ҷуғрофиёии даврони Шуравӣ ба номҳои бузургони миллати тоҷик идома дорад ва дар чорчӯби ин барнома баландтарин қуллаи кӯҳистонӣ дар қаламрави Шӯравии собиқ бо иртифои 7 ҳазору 495 метр, ки қуллаи Коммунизм номида мешуд, дар соли 1999 ба Исмоили Сомонӣ тағйири ном ёфт.

Дар соли 2006 низ қуллаи 7 ҳазору 134 метрии Ленин дар кӯҳистонҳои Бадахшон ба номи Абӯалӣ Сино ва қуллаи 6 ҳазору 940 метрии Инқилоб ба Истиқлол тағйири ном кард.

 

Бештар бихонед: