Январ 02, 2021 20:46 Asia/Dushanbe
  • Охирин омори корона то рӯзи шанбеи 2 январи соли 2021 эълом шуд
    Охирин омори корона то рӯзи шанбеи 2 январи соли 2021 эълом шуд

Бо шиносоии 4 бемори ҷадиди Ковид-19 дар Тоҷикистон дар шабонарӯзи ахир шумори ин беморон ба 13 ҳазору 300 нафар расид.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, шумори ҷонбохтагони Ковиди 19 низ то соати 19 рӯзи шанбе дувуми январи соли 2021 бидуни афзоиш ҳамон 90 нафари қабл аст.

Аз 13 ҳазор бемори гирифтори корона дар Тоҷикистон токунун 12 ҳазору 939 нафар беҳбуд ёфтаанд.

Дар шабонарӯзи гузашта 35 бемори коронаӣ низ аз бемористонҳои Тоҷикистон мурраххас шудаанд.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи аввали январ ҳеч мавриди ҷадиди мубтало шудан ба корона дар Тоҷикистон гузориш нашуда ва Ҷамолиддин Абдуллоев, вазири тандурустӣ низ гуфта буд дар бемористонҳои кишвар ҳеч бемори мубтало ба Ковиди 19 бистарӣ нест.

Абдуллозода ҳамчунин гуфта буд бар асоси омори аввали январ, танҳо 312 нафар бо нишонаҳои корона дар хонаи таҳти муроқибати пизишкон қарор доранд.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  низ дар паёми солинавии худ агарчи гуфт, ки корона тақрибан дар ин кишвар аз байн рафтааст, аммо вай боз ҳам мардумро ба ҳушёрӣ ва риояти дақиқи тавсияҳои пизишкону мутахассисон, усули беҳдошти шахсӣ ва умумӣ даъват кард.

 

Бештар бихонед:

Барчасп