Афзоиши нархи орд дар Тоҷикистон бо оғози соли нав
Дар Тоҷикистон ҳамзамон бо оғози соли нав қиммати орд дар бозорҳо афзоиш ёфт.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Авесто, қиммати ҳар халтаи орди 50 килоии тавлиди дохил дар бозорҳои Тоҷикистон ҳамакнун 255 сомонӣ ва орди Қазоқистон 260 сомонӣ аст, ки дар муқоиса бо авохири соли гузашта 10 сомонӣ афзоиш нишон медиҳад.
Бар асоси гузориши хадамоти давлатии гумруки Тоҷикистон дар 11 моҳи соли 2020 аз хориҷ ба вижа Қазоқистон 874 ҳазор тонна гандум ба Тоҷикистон ворид шудааст, ки дар муқоиса бо давраи монанди соли қабл наздик ба 8 дарсад камтар аст.
Аммо воридоти орд аз Қазоқистон дар ин муддат 78 ҳазору 100 тонна эълом шуда, ки дар муқоиса ба давраи мушобеҳи соли қабл афзоиши 18 дарсадиро нишон медиҳад.
Ин дар ҳолест, ки дар соли 2020 дар Тоҷикистон 846 ҳазору 600 тонна гандум тавлид шудааст.
Мизони масрафи солонаи гандум дар Тоҷикистон беш аз ду миллион тонна аст, ки 50 дарсад аз ҳисоби тавлиди дохилӣ ва бақия аз роҳи воридот аз Қазоқистон таъмин мешавад.
Бештар бихонед: