Коҳиши 50 дарсадии воридоти биринҷ ба Тоҷикистон
(last modified Mon, 11 Jul 2022 05:45:31 GMT )
Июл 11, 2022 10:45 Asia/Dushanbe
  • Миёнгинии  қимати ҳар кило биринҷ дар бозорҳои Тоҷикистон 15 сомонӣ аст
    Миёнгинии қимати ҳар кило биринҷ дар бозорҳои Тоҷикистон 15 сомонӣ аст

Тоҷикистон мизони воридоти биринҷ аз Қазоқистонро 50 дарсад коҳиш дод

Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз Азия Плюс, дар 4 моҳи аввали соли 2022, Тоҷикистон 5168 тон биринҷ аз Қазоқистон ворид кард, ки ин мизон нисбат ба муддати мушобеҳи соли гузашта 48 дарсад камтар аст.

Қимати биринҷ дар Тоҷикистон дар фасли тобистон то бардошти маҳсули ҷадид дар моҳи октиябр афзоиш меёбад.

Миёнгинии  қимати ҳар кило биринҷ дар бозорҳои Тоҷикистон 15 сомонӣ аст.

 Ҳар сол ҳудуди 100000 тон биринҷ дар Тоҷикистон бардошт мешавад бар асоси ин шохис, Тоҷикистон миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар рутбаи чаҳорум қарор дорад.