Июл 29, 2022 21:08 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши 35 дарсадии тавлиди орд дар Тоҷикистон

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон аз коҳиши 35 дарсадии тавлиди орд дар ин кишвар тайи шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ ибрози нигаронӣ кард.

Ба гузориши сомонаи иттилоърасонии раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ин матлабро дар нишасти ҳайати вазирони Тоҷикистон эълом кард.

Вай таъкид кард, ки ба далели буҳрони ғизоӣ дар ҷаҳон аксар аз кишварҳои шарики Тоҷикистон барои содироти маҳсулоту маводи аввалияи мавриди ниёзи мардум маҳдудият эъмол кардаанд, ки ба авзои иқтисодии кишвараш бетаъсир нахоҳад буд.

Аз ин рӯ, ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ва Анҷумани воридкунандагони гандум дастур дода шуд, ки мавзуи воридоти гандум аз хориҷро ба таври ҷиддӣ пайгирӣ намоянд.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистони хостори пайдо кардани масирҳои ҷадиди воридоти гандум шуд ва бар заррурати ҳифзи қимати маводи ғизоӣ дар бозори дохилии кишвараш таъкид кард.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп