Май 11, 2022 19:56 Asia/Dushanbe
  • Воридоти 93 миллион доллар коло  аз Узбакистон ба Тоҷикистон дар се моҳи ахир
    Воридоти 93 миллион доллар коло аз Узбакистон ба Тоҷикистон дар се моҳи ахир

Тоҷикистон дар се моҳи нахусти соли ҷорӣ аз Узбакистон ба маблағи 93 миллиону 300 ҳазор доллар анвоъи коло ворид карда аст, ки нисбат ба содирот ба кишвари ҳамсоя ду баробар бештар мебошад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Авесто, ин шохис дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл афзоиши наздик ба 49 миллион доллариро нишон медиҳад.

Ин дар ҳоле аст, ки дар соли 2021 муъомилоти тиҷоратии Тоҷикистон ва Узбакистон ба 447 миллион доллар расид, ки дар муқоиса бо соли 2020 афзоиши 34 дарсадиро нишон медиҳад.

Тоҷикистон ба Узбакистон алюмин, барқ, масолеҳи сохтмонӣ, симент ва гавч содир мекунад, аммо аз Узбакистон ба Тоҷикистон нуриҳои менералӣ, гази табиъӣ, лавозими хонагӣ ва либос ворид мегардад.

 

Барчасп