Январ 04, 2021 12:56 Asia/Dushanbe
  • Таҳлилгарон дар бораи имкони интиқоли қудрат дар Тоҷикистон дар солҳои 2021 ё 2022 сӯҳбат мекунанд
    Таҳлилгарон дар бораи имкони интиқоли қудрат дар Тоҷикистон дар солҳои 2021 ё 2022 сӯҳбат мекунанд

Теъдодн аз коршиносони масоили сиёсии Тоҷикистон эҳтимоли интиқоли қудрат дар ин кишварро дар соли ҷории 2021 матраҳ кардаанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Топ Ти Ҷи, Раҷаб Мирзо мӯътақид аст, ки Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  пас аз баргузории ҷашни сиюмин солгарди истиқлол дар моҳи сентябри 2021 қудратро вогузор хоҳад кард.

Аммо таҳлилгари тоҷик Иршод Сулаймонӣ мегӯяд, ки ин иттифоқ дар соли 2022, ки Эмомалӣ Раҳмон 70 сола мешавад, хоҳад афтод ва Рустами Эмомалӣ раиси маҷлиси миллӣ ва шаҳрдори Душанбе ҷонишини падараш хоҳад шуд.

Сулаймонӣ мӯътақид аст соли 2021 аз нигоҳи иқтисодӣ ва идомаи буҳрони вируси корона барои Тоҷикистон даврони сахте хоҳад буду ба назар мерасад Эмомалӣ Раҳмон бояд ин солро паси сар бигузораду дар соли 2022 қудратро вогузор кунад.

Бо ин ҳоли мақомоти расмӣ матраҳ кардани баҳси интиқоли қудрат дар Тоҷикистон дар соли 2021-ро рад карда ин мавзӯро тахминҳои расонаӣ унвон мекунанд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп