Январ 04, 2021 22:30 Asia/Dushanbe
  • Дар шабонарӯзи гузашта ҳеч мавриди ҷадиде аз ибтило ба Ковид -19 дар Тоҷикистон мушоҳида нашудааст
    Дар шабонарӯзи гузашта ҳеч мавриди ҷадиде аз ибтило ба Ковид -19 дар Тоҷикистон мушоҳида нашудааст

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон барои дувумин рӯз паёпай эълом кард, ки ҳеч мавриди тозае аз ибтило ба Ковид - 19 дар ин кишвар мушоҳида нашудааст.

Ба гузориши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, бар ин асос то соати 19 рӯзи душанбеи чаҳоруми январ шумори мубталоён ба Ковид -19 дар Тоҷикистон бидуни афзоиш ҳамон 13 ҳазору 300 нафари қаблӣ ва шумори ҷонбохтагони Ковид -19 низ бидуни афзоиш ҳамон 90 нафари қабл эълом шуд.

Аз 13 ҳазору 300 бемори гирифтори корона дар Тоҷикистон то кунун 13 ҳазору 18 нафар беҳбуд ёфтаанд.

Ба гуфтаи мақомоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон 192 нафар бо нишонаҳои корона дар хона таҳти муроқибати пизишкон қарор доранд.

Бештар бихонед:

 

Барчасп