Боздошти ду ронандаи тоҷик дар Қирғизистон ба иттиҳоми қочоқи мева
Январ 04, 2021 22:33 Asia/Dushanbe
Марзбонони Қирғизистон ду ронандаи тоҷикро ба иттиҳоми талош барои қочоқи 4 тон норангӣ (мандарин) аз Тоҷикистон боздошт кардаанд.
Ба гузориши Спутник, Хадамоти марзбонии Қирғизистон эълом кард, ки ин ду ронандаи тоҷик талош карданд, ки як камаз мандаринро бидуни доштани аснод ва пардохти боҷи гумрукӣ аз Тоҷикистон вориди Қирғизистон кунанд.
Гуфта мешавад, ки ронандагони тоҷик бидуни эътино ба фармони исти марзбонони қирғиз қасди бозгашт ба дохили Тоҷикистонро доштаанд, ки боздошт шуданд ва алайҳи онон парвандаи ҷиноӣ ташкил шудааст.
Гуфта мешавад, арзиши молии бор мандарин 3 ҳазору 600 доллар будааст.
Бештар бихонед:
- Сабти дархости воридоту содирот ва транзити коло дар Тоҷикистон интернетӣ мешавад
- Тахфифи 50 дарсадии Русия барои воридоти меваву сабзиҷот аз Тоҷикистон
- Гузориши вижа: Таъсири вируси корона бар гардиши молӣ ва коло миёни Тоҷикистон ва шарикони тиҷории ин кишвар
Барчасп