Боздошти қотили ронандаи таксии тоҷикистонӣ дар Русия
Кумитаи тафтишоти шаҳри Санкт –Петербурги Русия аз боздошти қотили ронандаи таксии тоҷикистонӣ хабар дод.
Ба гузориши сомонаи “Спутник”, мақомоти ин кумита эълом кардаанд, ки ба иттиҳоми мушорикат дар ҳодисаи қатли Эмомалӣ Давлатов, шаҳрванди 26 солаи Тоҷикистон дар фурудгоҳи шаҳри Санкт – Петербург яке аз ошноёни вай боздошт шудааст.
Ин мақомот бидуни ишора ба номи фарди боздоштшуда гуфтаанд, ки вай дар дохили таксии ин ронандаи тоҷик дар фурудгоҳи шаҳри Санкт – Петербург ҳузур дошта, ки чеҳраи ӯ тавассути дурбинҳои мадорбаста шиносоӣ шудааст.
Гуфта мешавад, ки фарди гумонбар бо корд ронандаи таксиро ба қатл расонда ва аз ҷои ҳодиса фирор кардааст.
Бар асоси иттилоияи полиси Русия, Эмомалӣ Давлатов як моҳ қабл аз Тоҷикистон ба Санкт – Петербурги Русия омад ва бо дарёфти иҷозаи кор, дар ин шаҳр ба унвони ронандаи таксӣ фаъолият мекард. Аммо чанд рӯз қабл ҷасадаш бо осори заработи корд дар фурудгоҳи ин шаҳр пайдо шуд.