Боздошти ду ронандаи тоҷик дар Қирғизистон ба иттиҳоми қочоқи мева
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i60473-Боздошти_ду_ронандаи_тоҷик_дар_Қирғизистон_ба_иттиҳоми_қочоқи_мева
Марзбонони Қирғизистон ду ронандаи тоҷикро ба иттиҳоми талош барои қочоқи 4 тон норангӣ (мандарин) аз Тоҷикистон боздошт кардаанд.
(last modified 2025-09-23T13:17:57+00:00 )
Январ 04, 2021 22:33 Asia/Dushanbe
  • Гуфта мешавад арзиши молии ин бори мандарин 3 ҳазору 600 доллар будааст
    Гуфта мешавад арзиши молии ин бори мандарин 3 ҳазору 600 доллар будааст

Марзбонони Қирғизистон ду ронандаи тоҷикро ба иттиҳоми талош барои қочоқи 4 тон норангӣ (мандарин) аз Тоҷикистон боздошт кардаанд.

Ба гузориши Спутник, Хадамоти марзбонии Қирғизистон эълом кард, ки ин ду ронандаи тоҷик талош карданд, ки як камаз мандаринро бидуни доштани аснод ва пардохти боҷи гумрукӣ аз Тоҷикистон вориди Қирғизистон кунанд.

Гуфта мешавад, ки ронандагони тоҷик бидуни эътино ба фармони исти марзбонони қирғиз қасди бозгашт ба дохили Тоҷикистонро доштаанд, ки боздошт шуданд ва алайҳи онон парвандаи ҷиноӣ ташкил шудааст.

Гуфта мешавад, арзиши молии бор мандарин 3 ҳазору 600 доллар будааст.

 

Бештар бихонед: