Шиносоии 5 мавриди ҷадиди Ковиди 19 дар Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон тайи шабонарӯзи ахир 5 бемори ҷадиди Ковиди 19 шиносоӣ шудааст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, бар ин асос то соати 19 рӯзи сешанбе 5 январ шумори мубталоён ба Ковиди 19 дар Тоҷикистон бо 5 мавриди афзоиш 13 ҳазору 305 нафар ва шумори ҷонбохтагони ин беморӣ низ бидуни афзоиш ҳамон 90 нафари қабл эълом шуд.
Рӯзҳои 3 ва 4 январ Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон эълом карда буд ҳеч бемори ҷадиди Ковиди 19 дар кишвар сабт нашудааст.
Аз 13 ҳазору 305 бемори гирифтори корона дар Тоҷикистон токунун 13 ҳазору 60 нафар беҳбуд ёфтаанд.
Ба гуфтаи мақомоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон 155 нафар бо нишонаҳои корона дар хона таҳти муроқибати пизишкон қарор доранд.
Бештар бихонед: