Ҷамъияти Тоҷикистон дар соли 2020
Муовини раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон муътақид аст, теъдоди ҷамъияти ин кишвар дар соли 2020 ба 10 миллиону 65 ҳазор нафар хоҳад расид.
Ба гузориши сойти CA News, Хариннисо Юсуфӣ ин матлабро дар мизигирди "Омилҳои афзоиши ҷамиъят ва рушди иқтисодӣ ва нерӯи инсонӣ", ки ахиран дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, унвон кард.
Вай таъкид кард, тайи 15 соли ахир ҷамъияти Тоҷикистон ба мизони 26 дарсад рушд кардааст, ки ин рақам дар қаламрави кишварҳои ИДМ яке аз болотарин шохисҳо ба ҳисоб меояд.
Аз дидгоҳи вай, дар таркиби ҷамъияти ин кишвар аксарият бо қишри ҷавон аст, ки дар баробари ҳар як нафари бознишаста, барои беш аз 7 нафар ҷавони воҷиди шароит, кор фароҳам мешавад.
Бар асоси ин гузориш, дар соли 2025 сини мутавасити ҷомеаи Тоҷикистон, 26 сол ва дар соли 2035 ба 35 сол хоҳад расид.
Ба гуфтаи Хариннисо Юсуфӣ, аз соли 1998 мизони рушди солиёнаи ҷамъияти Тоҷикистон беш аз 2 дарсад будааст ва бо вуҷуди мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, раванди афзоиши ҷамъияти ин кишвар идома хоҳад ёфт.
Ин дар ҳоле аст, ки мақомоти Тоҷикистон теъдоди ҷамъияти ин кишвар дар соли 2015-ро беш аз 8 миллион нафар эълом карда буданд.