Ибтило ба Ковид - 19 дар Тоҷикистон чӣ гуна коҳиш ёфт?
Пизишкони тоҷик омилҳои коҳиши теъдоди мубталоён ба Ковид - 19 дар ин кишварро мурооти тавсияҳои беҳдоштӣ, мудирияти ин беморӣ, афзоиши теъдоди озмоишҳо, бастани марзҳои заминӣ, маҳдудияти парвозҳои ҳавоӣ ва ҳамоҳангии мардум бо шароити ин беморӣ ном мебаранд.
Ба гузориши сомонаи Азия Плюс”, дар як ҳафтаи ахир теъдоди муроҷиакунандагон бо аломатҳои Ковид - 19 ба марокизи дармонӣ ва шумори беморони коронаӣ, ки дар хонаҳо бо муроқибати пизишкон дармон мешаванд, ба таври қобили мулоҳизае дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст.
Ҳамчунин пизишкон эҳтимол медиҳанд, ки теъдоди зиёде аз афрод ин бемориро пушти сар гузошта бошанд ва ба тадриҷ бадани инсонҳо дар баробари ин беморӣ муқовим шавад.
Манучеҳ Пӯлодов, пизишки бемористони марказии вилояти Суғд муътақид аст, ки коҳиши сафарҳои хориҷӣ, маҳдуд шудани муҳоҷирати корӣ ба Русия ва талоши кадри дармонӣ боис шудааст, ки теъдоди мубталоён ба Ковид - 19 дар Тоҷикистон коҳиш ёбад.
Аммо мушоҳидаи навъи ҷаҳишёфтаи вируси коронаи англисӣ дар Туркияву Русия, ки Тоҷикистон бо ин ду кишвар парвозҳои ҳавоӣ дорад, ҳамчунон афзоиши муроқибатҳои беҳдоштиро дар Тоҷикистон зарурат бахшидааст.
Бештар бихонед:
- Шиносоии 5 мавриди ҷадиди Ковид -19 дар Тоҷикистон
- Корона дар Тоҷикистон ба таътилот рафт?!
- Омори ибтило ба корона дар Тоҷикистон сифр шуд