Эмомалӣ Раҳмон хостори мушорикати молии Қатар дар сохти нерӯгоҳи Роғун шуд
Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон хостори сармоягузории Қатар дар сохти нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” шуд.
Ба гузориши сомонаи “ТоҷВик”, Эмомалӣ Раҳмон дар мусоҳиба бо нашрияи қатарии “Ашшарқ” ки аз тариқи фазои маҷозӣ анҷом шуд, бо дӯстона хондани равобити Душанбе ва Доҳа, хостори сармоягузории Қатар дар такмили сохти нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” шуд.
Раиси ҷумҳурӣ бо баршумурдани аҳамияти сохти ин нерӯгоҳ барои минтақа, аз мақомоти Қатар дархост кардааст, ки мавзӯи сармоягузорӣ дар ин тарҳи муҳими энержии Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор диҳанд.
Ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2020 барои идомаи сохти ин нерӯгоҳ аз буҷет 3 миллиард сомонӣ ихтисос дод, ки дар соли ҷорӣ ба ин манзур 2 миллиарду 100 миллион сомонӣ ҳазина хоҳад шуд.
Турбинаи нахусти нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” 16 ноябри соли 2018 ба баҳрабардорӣ расид.
Турбинаи дувуми ин нерӯгоҳ низ дар солрӯзи истиқлоли Тоҷикистон 9 сентябри соли 2019 тавлиди барқро оғоз кард. Нерӯгоҳи “Роғун” бо садди хокии 335 метрӣ ва зарфияти тавлиди 17 миллиард киловат соат барқ дар сол, бузургтарин тарҳи барқи обии минтақа аст.
Гуфта мешавад, ки сохти ин нерӯгоҳ дар соли 2033 ба поён мерасад.
Бештар бихонед:
- Такмили нерӯгоҳи Роғун ниёзманди чӣ миқдор сармояи дигар аст?
- Тоҷикистон ба дунболи ҷазби сармояи хориҷӣ барои идомаи сохти нерӯгоҳи Роғун