Гиреҳи корона дар Тоҷикистон боз шуд; дарҳои масҷидҳо боз нашуд
-
67 дарсади мардуми Тоҷикистон муҳимтарин мавзӯи рӯзи ин кишварро бозгушоии масҷидҳо медонанд
Дар ҳоле, ки ба гуфтаи мақомоти вазорати тандурустии Тоҷикистон аз оғози соли нави 2021 теъдоди мубталоён ба КОВИД 19 дар ин кишвар тақрибан сифр шуда аст, бо ин ҳол масоҷид дар ин кишвар ҳамчунон баста аст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Топтҷ , дар бемористонҳои Тоҷикистон дигар бемори мубтало ба КОВИД 19 боқӣ намонда асту теъдоде низ дар хонаҳои худ таҳти назорати пизишкон дармон мешаванд.
Аз ин ин рӯ бо тавваҷуҳ ба идомаи фаъолияти марокизи тафреҳӣ ва бошгоҳҳои шабона , умдатарин пурсиш замони бозгушоии масоҷид дар Тоҷикистон аст.
Бар асоси назарсанҷии анҷомшуда дар шабакаи Ютюб , аз 23 ҳазор ширкаткунанда 16 ҳазор нафар баробари 67 дарсад муҳимтарин мавзӯи рӯзи Тоҷикистонро бозгушоии масоҷид унвон кардаанд.
Кумитаи давлатии умури дин ва танзими ҷашну маросими Тоҷикистон эълом карда, ки дар ин замина мунтазири посухи ситоди кишварии мубориза бо вируси корона аст.
Ҳамчунин Шӯрои уламоии исломии Тоҷикистон эълом карда, ки дар ин замина номае ба ин ситод ирсол карда ва мунтазири тасмимгирии ин ниҳод аст.
Фаолияти масоҷид дар Тоҷикистон аз баҳори соли 2020 ба далели густариши вируси корона мутаваққиф шуда аст.
Бештар бихонед: