Шиносоии якчанд истихроҷкунандаи Bitcoin дар се шаҳри Тоҷикистон
(last modified Sat, 09 Jan 2021 15:46:07 GMT )
Январ 09, 2021 20:46 Asia/Dushanbe
  • Истихроҷи Bitcoin дар Тоҷикистон барои се сол манъ карда шудааст
    Истихроҷи Bitcoin дар Тоҷикистон барои се сол манъ карда шудааст

Манобеи амниятӣ аз шиносоии якчанд фарди машғул ба истихроҷи биткоин дар се шаҳри Тоҷикистон хабар додаанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, ин афрод дар шаҳрҳои Истаравшан, Хуҷанд ва Душанбе шиносоӣ ва боздошт шуда ва пас аз бозҷӯӣ ва додани тавзеҳот озод гардидаанд. 

Манбаъҳои амнияти номаълум гуфтанд, ки ин одамон бо роҳи воридоти якчанд дастгоҳи майнер (компютерҳои пурқувват) биткоинҳо ё пули рақамиро истихроҷ кардаанд.
 
Қиммати як биткоин ҳамакнун баробар бо 38 ҳазор доллар аст.

Бонки миллии Тоҷикистон се сол қабл тиҷорати биткоинро дар кишвар мамнӯъ эълом кард ва ин тиҷорат дар қаламрави кишварҳои узви Ҷомеаи Ҳамсуд низ ҳанӯз муҷоз нест.


 
 
Як коршиноси иртиботот мегӯяд: «Афроди машғул ба тиҷорати биткоин маъмулан бо хориҷ аз Тоҷикистон муомила мекунанду иллати шиносоии онон дар дохили кишвар истифодаи онҳо аз роёнаҳои қудратманд, масрафи беш аз андозаи барқу интернети пурсуръат аст.»

Ба гуфтаи ин коршинос, ҳатто эҳтимоли барқи дуздии онон низ вуҷуд дорад, ки шояд ҳамин масаъла мӯҷиби шиносоии онҳо шудааст.

Мавзӯи барқи дуздӣ эҳтимоли афроди муртабит бо истихроҷи биткоин дар Тоҷикистон дар ҳоле матраҳ шудааст, ки дар кишвар аз шаби 5 январ дар манотиқи рустоӣ маҳдудияти барқ аз соати 23 шаб то шаш 6 субҳ иҷро шудааст.

 

Бештар бихонед: