Январ 11, 2021 14:56 Asia/Dushanbe
  • Қарор аст дар корхонаҳои нав маҳсулоти саноатӣ, хӯрокворӣ ва либос истеҳсол карда шаванд
    Қарор аст дар корхонаҳои нав маҳсулоти саноатӣ, хӯрокворӣ ва либос истеҳсол карда шаванд

Ба гуфтаи мақомоти вилояти Хатлон то фарорасии ҷашни сиюмин солгарди истиқлоли Тоҷикистон дар ин вилоят 380 корхона ва коргоҳи ҷадид бо 2 ҳазору 759 ҷои кор ба баҳрабардорӣ хоҳад расид .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, ин марокиз ба тавлиди масолеҳи сохтмонӣ, орд, маҳсулоти ширӣ ва дигар маводи ғизоӣ ва низ ба инчунин коркарди пахта ва истеҳсоли либосҳои дӯзандагӣ  хоҳанд пардохт.

Инчунин дар 11 моҳи соли 2020 дар вилояти Хатлон ба арзиши 7 миллиарду 927 миллион сомонӣ анвоъи маҳсулот тавлид шудааст, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл 273 миллион сомонӣ бештар мебошад.

Ин марокиз дар соли 2020 ба арзиши беш аз 841 миллион сомонӣ маводи ғизоӣ тавлид кардаанд.

Дар ҳоли ҳозир дар вилояти Хатлон 623 корхонаи саноатӣ фаъол аст, ки ба фароварии маҳсулоти кишоварзӣ, бофандагӣ, истихроҷи маъданҳо ва масолеҳи сохтмонӣ ихтисос дорад.

 

Бештар бихонед:

Барчасп