Корона дар Тоҷикистон аз нафас афтодааст
(last modified Mon, 11 Jan 2021 17:27:31 GMT )
Январ 11, 2021 22:27 Asia/Dushanbe
  • Панҷум то нуҳуми январ низ ҳеч мавриди ҷадиде аз ибтило ба Ковид - 19 дар Тоҷикистон гузориш нашуд
    Панҷум то нуҳуми январ низ ҳеч мавриди ҷадиде аз ибтило ба Ковид - 19 дар Тоҷикистон гузориш нашуд

Ҳеч мавриди ҷадиде аз ибтило ба Ковид -19 дар шабонарӯзи ахир дар Тоҷикистон шиносоӣ нашудаву вазъияти коронаӣ дар ин кишвар ҳамчунон сафед аст.

Ба гузориши Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, дар рӯзҳои 5 то 9 январ низ ҳеч мавриди ҷадиде аз ибтило ба Ковид -19 дар Тоҷикистон гузориш нашуд ва танҳо дар даҳуми январ 3 мавриди ҷадиди мубтало ба Ковид - 19 дар ин кишвар ба сабт расид.

Бар ин асос теъдоди мубталоён ба ин беморӣ дар Тоҷикистон то соати 19 рӯзи душанбеи 11 январ бидуни тағйир ҳамон 13 ҳазору 308 нафари пешин ва шумори қурбониёни Ковид -19 бидуни афзоиш ҳамон 90 нафари қабл аст.

Аз 13 ҳазору 308 бемори гирифтори корона дар Тоҷикистон то кунун 13 ҳазору 15 нафар беҳбуд ёфтаанд.

 

Бештар бихонед: