Корона дар Тоҷикистон аз нафас афтодааст
Ҳеч мавриди ҷадиде аз ибтило ба Ковид -19 дар шабонарӯзи ахир дар Тоҷикистон шиносоӣ нашудаву вазъияти коронаӣ дар ин кишвар ҳамчунон сафед аст.
Ба гузориши Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, дар рӯзҳои 5 то 9 январ низ ҳеч мавриди ҷадиде аз ибтило ба Ковид -19 дар Тоҷикистон гузориш нашуд ва танҳо дар даҳуми январ 3 мавриди ҷадиди мубтало ба Ковид - 19 дар ин кишвар ба сабт расид.
Бар ин асос теъдоди мубталоён ба ин беморӣ дар Тоҷикистон то соати 19 рӯзи душанбеи 11 январ бидуни тағйир ҳамон 13 ҳазору 308 нафари пешин ва шумори қурбониёни Ковид -19 бидуни афзоиш ҳамон 90 нафари қабл аст.
Аз 13 ҳазору 308 бемори гирифтори корона дар Тоҷикистон то кунун 13 ҳазору 15 нафар беҳбуд ёфтаанд.
Бештар бихонед:
- Дар Тоҷикистон ҳамчунон аз корона хабаре нест
- Шиносоии 4 бемори ҷадиди Ковид-19 дар Тоҷикистон
- Гиреҳи корона дар Тоҷикистон боз шуд; дарҳои масоҷид боз нашуд