Январ 12, 2021 21:20 Asia/Dushanbe
  • Эмомалӣ Раҳмон ибрози умедворӣ кард ҳамкориҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар давраи Ҷабборов афзоиш ёбад
    Эмомалӣ Раҳмон ибрози умедворӣ кард ҳамкориҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар давраи Ҷабборов афзоиш ёбад

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоби Содир Ҷабборовро ба вазифаи раёсати Ҷумҳурии Қирғизистон табрик гуфт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз дафтари матбуотии раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин паём раъйи мардуми Қирғизистон ба Содир Ҷабборовро нишонаи ҷонибдории ҷомеаи ин кишвар аз сиёсатҳои вай дониста, барои раиси ҷумҳурии тоза интихобшудаи Қирғизистони орзӯи муваффақият кард.

Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ таъкид кард: «Мардумони ду кишвари дӯсту бародари Тоҷикистон ва Қирғизистон қарнҳои тӯлонӣ дар канори якдигар зиндагии мусолиматомез ҳамроҳ бо эҳтироми дуҷониба доштаанд, ки заминаи густариши равобити ҳамаҷониба миёни Тоҷикистон ва Қирғизистонро фароҳам месозад.»

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистони ибрози умедворӣ кард, ки дар даврони раёсати ҷумҳурӣ Содир Ҷабборов бар Қирғизистон муносиботи Душанбе ва Бишкек вориди марҳалаи ҷадиди ҳамкорӣ хоҳади шуд.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин барои мардуми Қирғизистони субот, оромиш ва пешрафт орзӯ кард.

 

Бештар бихонед:

Барчасп