Ҳафтумин рӯзи бе корона дар Тоҷикистон аз оғози январи соли 2021
-
Бемористонҳои Тоҷикистон аз беморони коронаӣ холӣ шудааст
Ҳеч бемории ҷадиди Ковиди 19 дар шабонарӯзи ахир дар Тоҷикистон шиносоӣ нашуда ва вазъияти коронаӣ дар кишвар ҳамчунон сафед аст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, дар рӯзҳои 5 то 9 январ низ ҳеч мавриди ҷадиде аз мубтало шудан ба Ковиди 19 дар кишвар гузориш нашуд ва танҳо рӯзи даҳуми январ 3 мавриди ҷадиди Ковиди 19 ба сабт расид.
Рӯзҳоӣ 11 январ низ эълом шуд, ки ҳеч мавриди бемори Ковиди 19 дар Тоҷикистон шиносоӣ нашудааст.
Бар ин асос теъдоди мубталоён ба Ковиди 19 дар Тоҷикистон то соати 19 рӯзи сешанбе 12 январ бидуни тағир ҳамон 13 ҳазору 308 нафари пешин ва шумори қурбониёни Ковиди 19 бидуни афзоиш ҳамон 90 нафари қабл аст.
Аз 13 ҳазору 308 бемори гирифтори корона дар Тоҷикистон токунун 13 ҳазору 215 нафар беҳбуд ёфтаанд.
Инчунин се нафар дар хонаҳои хеш таҳти назорати пизишкон дармон мешаванд.
Охирин мавриди мубтало шудани 12 нафар ба Ковиди 19 дар Тоҷикистон дар рӯзи 29 декабри соли 2020 сабт шуда буд.
Бештар бихонед: