5-у ним сол зиндон барои узви гурӯҳи Салафия дар Турсунзода
Додгоҳи шаҳри Турсунзода дар ғарби Тоҷикистон як сокини ин минтақаро ба ҷурми узвият дар гурӯҳи мамнӯъаи Салафия ба 5 солу шаш моҳ зиндон маҳкум кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз дафтари матбуотии Додситонии кулли Тоҷикистон , Абдуллоҳ Ҳайитов дар солҳои 2010 то 2020 ҳангоми ҳузур дар Русия ба унвони коргари муҳоҷир аз афроде, ки ҳуввияти онон мушаххас нест , афкори гурӯҳи фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъаи Салафияро фаро гирифта ва ба узвияти ин созмони ифротӣ даромада аст.
Ӯ бо пайвастан ба Салафия дар шабакаҳои иҷтимоӣ афкори ононро таблиғ карда ва аз ҷавонон даъват мекарда аст, ки ба узвияти ин гуруҳи ифротӣ дароянд.
Фаъолияти фирқаи Салафия дар Тоҷикистон бо мусаввабаи Додгоҳи олии ин кишвар дар солҳои 2009 ва 2014 мамнӯъ эълом шуда аст.
Таи солҳои гузашта садҳо нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба иттиҳоми гароиш ба Салафия боздошт ва маҳкум ба зиндон шудаанд.
бештар бихонед:
- Судури муҷавизи боздошти муваққати саркардаи гурӯҳи Салафия
- 5 сол зиндони як мунтақиди тоҷик ба иттиҳоми узвият дар гуруҳи Салафия