Январ 15, 2021 21:28 Asia/Dushanbe
  • Билети парвози Тошканд - Душанбе дар ояндаи наздик ба фурӯш гузошта хоҳад шуд
    Билети парвози Тошканд - Душанбе дар ояндаи наздик ба фурӯш гузошта хоҳад шуд

Раиси Агентии ҳавопаймоии кишварии Тоҷикистон аз оғози дубораи парвозҳои муназзам байни Душанбе ва Тошканд дар ояндаи наздик хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Икром Субҳонзода гуфт: “Дар иртибот бо беҳбудии авзои корона дар ҳар ду кишвар ва бо дастури муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ситоди марказии мубориза бо корона тасмим гирифт парвозҳои муназзам байни Душанбе ва Тошкандро оғоз кунад. Акнун ҳар ду тараф омодаи шурӯи парвозҳо ҳастанд ва билетҳо ба зудӣ ба фурӯш гузошта мешаванд”.

Бинобар суханони вай, дар масири Душанбе – Тошканд ва Тошканд – Душанбе ширкатҳои “Сомон –Эйр” ва “Узбакистон Ҳаво Йуллари” парвоз анҷом ме‌диҳанд.

Вай гуфт: “Ҳар ҳафта рӯзҳои чаҳоршанбе ширкати ҳавопаймоии “Узбакистон Йуллари” ва рӯзи ҷумъа “Сомон – Эйр” дар ин масири парвоз мекунанд”.

Субҳонзода ҳамчунин таъкид кард, тамоми мусофионе ки аз Тоҷикистон ба Узбакистон ва ё баръакс сафар мекунанд, ба таври иҷборӣ бояд завобити беҳдоштиро риоят кунанд.

Вай гуфт: “Мусофроне, ки таби шадид ва ё алоими корона ва ҳамчунин касоне ки гувоҳиномаи адами ибтило ба коронаро қабл аз 72 соат дарёфт накарда бошанд, дар натиҷа иҷозаи вуруд ба ҳавопаймо дарёфт наме‌кунанд”.

Дар торнамоии хутути ҳавоии Узбакистон аз анҷоми аввалин парвоз дар масири Тошканд - Душанбе дар 20 январ гузориш шудааст.

Дар пайи густариши вируси корона иртиботи ҳавоӣ байни Душанбе ва Тошканд дар таърихи 16 марти соли 2020 мутаваққиф шуд.

 

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп