Мавриди ҷадиди Ковид - 19 дар Тоҷикистон сабт нашуд
Теъдоди мубталоён ба Ковид -19 дар Тоҷикистон ҳамон 13 ҳазору 308 нафари пешин аст.
Ба гузориши маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, ҳеч бемори ҷадиди мубтало ба Ковид - 19 дар шабонарӯзи ахир дар Тоҷикистон шиносоӣ нашудаву вазъияти коронаӣ дар кишвар даҳумин рӯзи паёпай сафед аст.
Дар рӯзҳои 5 то 13 январ танҳо дар рӯзи даҳум 3 бемори ҷадиди Ковиди 19 дар Тоҷикистон шиносоӣ шуд ва дигар рӯзҳо ҳеч мавриде аз ин беморӣ мушоҳида нашуд.
Бар ин асос, теъдоди мубталоён ба КОВИД 19 дар Тоҷикистон то соати 19 рӯзи ҷумъаи 15 январ бидуни тағйир ҳамон 13 ҳазору 308 нафари пешин ва шумори қурбониёни Ковид - 19 низ бидуни афзоиш ҳамон 90 нафари қабл аст.
То кунун 13 ҳазору 218 нафар аз беморони гирифтори Ковид -19 дар Тоҷикистон беҳбуд ёфтаанд.
Бештар бихонед:
- Тоҷикистон ҳаштумин рӯзи бекоронаро пушти сар гузошт
- Ҳафтумин рӯзи бекорона дар Тоҷикистон аз оғози январи 2021