Ақиб мондани ниме аз корхонаҳои саноъатии Хуҷанд аз барномаи тавлиди маҳсулот
Муовини шаҳрдори Хуҷанд эълом кард, ки дар соли 2020 ниме аз корхонаҳои саноъатии маркази вилояти Суғд муваффақ ба иҷрои барномаи давлатии тавлиди маҳсулот нашудаанд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник , Фирӯза Нуруллоҳзода дар нишасти натиҷагирӣ аз фаъолияти бахши саноъати шаҳри Хуҷанд дар соли 2020 гуфта аст : « Аз 169 корхона ва коргоҳи саноъатии фаъол дар ин шаҳри Хуҷанд 77 воҳид натавонистанд барномаи давлатии тавлиди маҳсулотро иҷро кунанд.»
Вай таъкид карда аст, ки дар соли 2020 дар маркази вилояти Суғд 17 маркази нави саноъатӣ ифтитоҳ шуд, ки барои 425 нафар шуғли доимиро фароҳам кард.
Бо вуҷуди густариши вируси корона дар соли 2020 марокизи тавлидии шаҳри Хуҷанд ба маблағи 130 миллион доллар анвоъи маҳсулот тавлид кардаанд, ки дар муқоиса бо соли 2019 афзоиши 15 дарсадиро нишон медиҳад.
Аз сӯи дигар далели коҳиши фаъолияти бархе аз марокизи саноъатӣ густариши Ковид 19 ва уфти содироти маҳсулот дар пайи баста шудани марзҳо дар соли 2020 унвон мешавад.
бештар бихонед:
- Қарзи 20 миллионии марокизи тавлидии Суғд ба коргарон
- Таътилии беш аз ниме аз воҳидҳои тавлидӣ дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд