Сабти ду маврди ҷадиди ибтило ба Ковид 19 дар Тоҷикистон
(last modified Thu, 11 Nov 2021 06:39:40 GMT )
Ноябр 11, 2021 11:39 Asia/Dushanbe
  • Сабти ду маврди ҷадиди ибтило ба Ковид 19 дар Тоҷикистон

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шиносоии ду мавриди ҷадиди ибтило ба Ковид 19 тайи шабонарӯзи охир хабар дод.

Ба гузориши сомонаи Ховар, дар маҷмӯъ, аз оғози бақайдгирӣ то имрӯз, 10 ноябр дар кишвар 17090 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 16962 шифо ёфтаанд. Инчунин, 124 нафар бар асари ин беморӣ фавтидаанд.

Маврид ба зикр аст, ки дар шароити паҳншавии бо суръати бемории сироятии COVID-19 дар аксар кишварҳои сайёра дар асоси таҷрибаҳои илмӣ муайян карда шудааст, ки яке аз роҳҳои асосии пешгирӣ аз паҳншавии ин беморӣ — ин гузаронидани ваксинатсияи аҳолӣ мебошад.