Январ 17, 2021 22:21 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикони ихроҷшуда аз донишгоҳи низомии Қазоқистон мегӯянд, ки омили ихроҷи онҳо донишҷӯёни қазоқ будаанд
    Тоҷикони ихроҷшуда аз донишгоҳи низомии Қазоқистон мегӯянд, ки омили ихроҷи онҳо донишҷӯёни қазоқ будаанд

Ду донишҷӯии тоҷикистонии риштаи афсарӣ, ки ахиран аз донишгоҳи низомии Горди миллии Қазоқистон дар шаҳри Петропавловск, дар шимоли ин кишвар ихроҷ шудаанд , ин иқдомро ғайриинсофона унвон кардаанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Ахбори Осиёи марказӣ , Зиёратшоҳ Қурбонов ва  Аваз Қурбонов, ки ахиран дар паи муноқиша бо донишҷӯёни қазоқ ва ба иттиҳоми нақзи муқаррароти дохилӣ аз ин маркази омӯзишӣ ихроҷ шудаанд , муддаӣ ҳастанд ки омилони даргирӣ донишҷӯёни қазоқ будаанд ва раёсати донишгоҳ ба иштибоҳ ин ду афсари тоҷикро гунаҳкор дониста аст.

Ин ду тоҷик бар асоси созшнома миёни вазоратҳои корҳои дохилаи Тоҷикистон ва Қазоқистон барои таҳсилоти такмилӣ ба донишгоҳи Горди миллии Қазоқистон эъзом шуда буданд.

 Гуфта мешавад дар ин донишгоҳ 37 донишҷӯи тоҷик бо квотаи давлати Қазоқистон таҳсил мекунанд.

 Созишномаи таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳи низомии Горди миллии Қазоқистон дар соли 2009 миёни мақомоти вазоратҳои корҳои дохилаи Тоҷикистон ва Қазоқистон имзо шуда аст.

 Бештар бихонед:

 

Барчасп