8 рӯзи бидуни корона дар Тоҷикистон
(last modified Mon, 18 Jan 2021 08:25:40 GMT )
Январ 18, 2021 13:25 Asia/Dushanbe
  • Дар Тоҷикистон аз оғози соли 2021 танҳо 12 бемори нави Ковид 19 шиносоӣ ва ба қайд гирифта шуда аст
    Дар Тоҷикистон аз оғози соли 2021 танҳо 12 бемори нави Ковид 19 шиносоӣ ва ба қайд гирифта шуда аст

Шумори гирифторон ба Ковид 19 дар Тоҷикистон дар ҳашти рӯзи ахир афзоиш наёфта аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон , ҳеч бемори нави Ковид 19 дар шабонарӯзи ахир дар Тоҷикистон шиносоӣ нашуда ва вазъияти коронаӣ дар кишвар ҳамчунон сафед аст.

 Дар фосилаи байни рӯзҳои 5 то 18 январ танҳо дар рӯзи даҳуми ин моҳ 3 бемори нави Ковид 19 дар Тоҷикистон шиносоӣ шуд ва дигар рӯзҳо ҳеч мавриде аз ин беморӣ мушоҳида нашуд.

 Бар ин асос теъдоди мубталоён ба Ковид 19 дар Тоҷикистон то соъати 10 субҳи рӯзи душанбе 18 январ бидуни тағйир ҳамон 13 ҳазору 308 нафари пешин ва шумори қурбониён низ бидуни афзоиш ҳамон 90 нафари қаблӣ аст.

 То кунун 13 ҳазору 218 нафар аз беморони гирифтори Ковид 19 дар Тоҷикистон беҳбуд ёфтаанд.

 Бо ин ҳол мақомоти вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз сокинони ин кишвар дархост кардаанд, ки ҳамчунон муқаррароти беҳдоштиро барои гирифтор  нашудан ба бемории Ковид 19 риоя кунанд.

Бештар бихонед:

 

Барчасп