Январ 18, 2021 21:03 Asia/Dushanbe
  • Барои сохти ин нерӯгоҳ ниёз ба 35 миллион евро сармоя аст
    Барои сохти ин нерӯгоҳ ниёз ба 35 миллион евро сармоя аст

Тоҷикистон барои сохти нерӯгоҳи барқи обии Себзор дар вилояти Бадахшон муноқисаи байналмилалӣ эълом кард.

Ба гузориши сомонаи “ТоҷВик”, аз ширкатҳои байналмилалӣ даъват шудааст, ки тарҳҳои худро барои мушорикат дар ин муноқиса то 28 феврали имсол ироа кунанд.

Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон нерӯгоҳи барқи обии Себзор метавонад бо тавлиди 60 миллион киловат соат барқ дар сол, ниёзи бархе аз манотиқи вилояти Бадахшон ба барқро таъмин ва дар фаслҳои баҳору тобистон низ заминаи содироти барқ ба Афғонистонро фароҳам кунад.

Барои сохти ин нерӯгоҳ ниёз ба 35 миллион евро сармоя аст

Бо сохти ин нерӯгоҳ барои наздик ба 60 нафар аз коргарони ноҳияи Роштқалъаи вилояти кӯҳистони Бадахшон шуғл эҷод мешавад ва ин нерӯгоҳ барқи мавриди ниёзи 220 ҳазор нафар аз сокинони ин минтақаро низ таъмин хоҳад кард.

Дар чорчӯби ин барнома барои интиқоли барқи нерӯгоҳи Себзор ба шаҳри Хоруғ хати 220 киловатӣ ба тӯли 18 километр сохта мешавад.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп