Январ 19, 2021 14:37 Asia/Dushanbe
  • Шодравон Ҳабибуллоҳ Абдураззоқов дар сериали эронии “Дар чашми бод” дар нақши оқои Ҳисом бозӣ карда буд
    Шодравон Ҳабибуллоҳ Абдураззоқов дар сериали эронии “Дар чашми бод” дар нақши оқои Ҳисом бозӣ карда буд

Ҳабибуллоҳ Абдураззоқов-бозигар ва коргардони театру синамои Тоҷикистон дар синни 84 солагӣ дори фониро тарк кард.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Азия-Плус , вай донишомӯхтаи донишгоҳҳои ҳунари Тоҷикистону Русия буд, ки наздик ба 60 сол аз умри хешро дар театру синамои Тоҷикистон кард.

Ҳабибуллоҳ Абдураззоқов илова бар бозӣ дар филмҳои синамоӣ ва телевизиюнии Тоҷикистон , кишварҳои Осиёи марказӣ ва Русия, беш аз 30 намойишномаи театриро низ коргардонӣ карда аст.

Ӯ дар сериали эронии “Дар чашми бод” ҳам дар нақши оқои Ҳисом зоҳир шуда буд.

Марҳум Ҳабибуллоҳ Абдураззоқов солҳои зиёде дар мақоми масули Анҷумани кормандони театри Тоҷикистон низ фаъолият дошт.

Бештар бихонед:

 

Барчасп