Январ 19, 2021 18:24 Asia/Dushanbe
  • Дар 5 минтақаи озоди иқтисодии Тоҷикистон 60 ширкат сабти ном шудаанд
    Дар 5 минтақаи озоди иқтисодии Тоҷикистон 60 ширкат сабти ном шудаанд

Дар соли 2020 наздик ба 200 миллион сомонӣ маҳсӯлот дар манотиқи озоди иқтисодии Тоҷикистон тавлид шудааст.

Ба гузориши сомонаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, ин миқдор маҳсӯлот дар 3 минтақа аз 5 минтақаи озоди иқтисодии кишвар тавлид шудааст.

Дар маҷмӯ 60 ширкат дар 5 минтақаи озоди иқтисодии Тоҷикистон сабти ном шуда, ки 22 марказ дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд, 11 марказ дар минтақаи озоди иқтисодии Данғара ва ду марказ дар минтақаи озоди иқтисодии Панҷ фаъол мебошанд.

Дар соли 2020 ду минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб дар вилояти Хатлон ва Ишкошим дар вилояти Бадахшон ҳеч фаъолияте надоштаанд.

Зарина Додобоева, корманди аршади пажӯҳишгоҳи иқтисод дар Фарҳангистони улуми Русия муътақид аст, ки манотиқи озоди иқтисодии Тоҷикистон аз тавони болои тавлиди маҳсӯлот бархӯрдор нестанд ва наметавонанд дар ҳали мушкили бекорӣ дар кишвар саҳим бошанд, аз ин рӯ, ҳамчунон муҳоҷират ба Русия барои кору зиндагӣ ба унвони авлавияти атбои ҷӯёи кори тоҷик боқӣ мемонад.

 

БЕШТАР БИХОНЕД: