Пешниҳоди бозхариди хизмати сарбозӣ Тоҷикистон
(last modified Tue, 19 Jan 2021 18:16:44 GMT )
Январ 19, 2021 23:16 Asia/Dushanbe
  • солҳои қабл ҳам мавзӯи бозхариди хизмати сарбозӣ матраҳ буд
    солҳои қабл ҳам мавзӯи бозхариди хизмати сарбозӣ матраҳ буд

Раиси Кумитаи умури мудофиа ва амният дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки бо ислоҳи хидмати ҳарбии ин кишвар бозхаради хизмати сарбозӣ расмӣ шавад.

Ба гузориши Сомонаи Топ Тҷ, Рустам Шоҳмурод гуфтааст, ки дар сурати тасвиби ин ислоҳия ҷавононе, ки ба далоили мухталиф намехоҳанд ба хизмат эъзом шаванд, бо пардохти маблағ корти муъофият дарёфт хоҳанд кард.

Албатта вай дар бораи мизони ин маблағ ибрози назар накардааст ва мушаххас нест, ки ин ислоҳия дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба тасвиб бирасад.

Ин дар ҳоле аст, ки ин мавзӯ дар Тоҷикистон матраҳ буд, вале ҳукумати ин кившар бо ин барнома музолифат мекард.

Ҷонибдорони ин тарҳ муътақид буданд, ки иҷрои қонӯни бозхариди хизмати сарбозӣ дар Тоҷикистон ба дарёфт ришва ва фасоди молӣ поён хоҳад дод ва буҷети вазорати дифоро низ афзоиш медиҳад.

Аммо гурӯҳе аз фаъолони мудофеъи ҳуқуқи башар муддаӣ ҳастанд, ки расмӣ шудани ин қонӯн мӯҷиби худдории хонаводаҳои сарватманд аз эъзоми фарзандони худ ба хизмати ҳарбӣ мешавад ва бозҳам ҷавонони фақир маҷбур ҳастанд, ки ба ҷои сарватмандон хизмат кунанд.

 

 БЕШТАР БИХОНЕД: