Январ 19, 2021 23:45 Asia/Dushanbe
  • Дар соли 2020 дар шаҳри Хуҷанд ҳазору 128 маросими арӯсӣ баргузор шудааст
    Дар соли 2020 дар шаҳри Хуҷанд ҳазору 128 маросими арӯсӣ баргузор шудааст

Мақомоти беҳдоштии вилояти Суғд мегӯянд, ки ҷаримаи молӣ ва маҳдудиятҳои коронаӣ монеъи баргузории ҷашнҳои арӯсӣ дар шимоли Тоҷикистон намешавад, ки ҷои нигаронӣ дорад.

Ба гузориши сомонаи Спутник, Раҳмон  Муҳаммадиев, сардори шуъбаи санитарии Идораи беҳдоштии шаҳри Хуҷанд дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон таъкид кард, ки соҳибони баъзе туйхона ва тарабхонаҳо дар вақти баргузории туйҳои арӯсию домодии сокинон муқаррароти беҳдоштиро сарфи назар намудаанд.

Бар асоси муқаррароти шароити коронаӣ мушорикати танҳо 40 нафар дар ҷашнҳои арӯсӣ муҷоз аст.

Дар соли 2020 дар шаҳри Хуҷанд ҳазору 128 маросими арӯсӣ баргузор шудааст, ки дар теъдоде аз ин ҷашнҳо муқаррароти беҳдошт нақз шудааст.

Аз сӯи дигар Фурқат Шарифов, ҳуқуқшиноси Идораи назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд гуфт, то моҳи декабри соли 2020, 1277 сокини  вилоят барои набастани ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ  тибқи моддаи 113 қисми 1 ба маблағи 175 ҳазору 642 сомонӣ ҷарима таъйин шуданд.

Дар Тоҷикистон барои надоштани ниқоб дар маконҳои умумӣ 116 то 190 сомонӣ ҷарима муқарар шудааст.

 

 БЕШТАР БИХОНЕД:

Барчасп