Январ 20, 2021 17:28 Asia/Dushanbe
  • Омодасозии гурӯҳҳои имдоду наҷоти Осиёи Марказӣ ва Афғонистон
    Омодасозии гурӯҳҳои имдоду наҷоти Осиёи Марказӣ ва Афғонистон

Барномаи бозсозии Маркази омӯзишии Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон барои омодасозии гурӯҳҳои наҷоту имдоди мавриди ниёзи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон оғоз шуд.

Ба гузориши хабаргузории давлатии “Ховар”, ҳазинаи ҳудуди як миллиондолларии бозсозии ин марказро Иттиҳоди Аврупо таъмин хоҳад кард ва дар ояндаи наздик барномаи омӯзиши кадрҳои мавриди ниёзи Тоҷикистон, Осиёи Марказӣ ва Афғонистон дар бахши наҷоту имдод дар он амалӣ хоҳад шуд.

Дар ин барнома тавсеаи Маркази омӯзиши имдоду наҷот ба масоҳати 28 гектар, насби таҷҳизоти вижаи омӯзишӣ, сохти синфҳои дарсии фанни имдоду наҷот, варзишгоҳ, меҳмонхона ва хобгоҳ дар минтақаи кӯҳистонии Қаротоғ, дар ноҳияи Шаҳринав, дар 40 километрии ғарби Душанбе дар назар аст.

Ин барнома дар чорчӯби тарҳи “Барқарории субот дар марзҳои ҷанубии Тоҷикистон бо Афғонистон” то моҳи ноябри соли 2021 иҷро хоҳад шуд.

Иттиҳоди Аврупо эълом кардааст, ки дар ин маркази бозсозишуда заминаи омодасозии мутахассисони имдоду наҷот барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон низ фароҳам хоҳад шуд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп