Усмонов: Телевизионҳо фақат консерт таблиғ мекунанд
(last modified Thu, 21 Jan 2021 07:13:16 GMT )
Январ 21, 2021 12:13 Asia/Dushanbe
  • Иброҳим Усмонов, устоди рӯзноманигорӣ мегӯяд, телевизионҳои Тоҷикистон танҳо ба саргармӣ мепардозанд
    Иброҳим Усмонов, устоди рӯзноманигорӣ мегӯяд, телевизионҳои Тоҷикистон танҳо ба саргармӣ мепардозанд

Шахсияти сиёсӣ ва устоди рӯзноманигории Тоҷикистон аз барномаҳои телевизионии кишвар интиқод кард.

Ба гузориши сомонаи Pressa.tj, Иброҳим Усмонов, ки замоне дар симматҳои раёсати Кумитаи радио ва телевизион, муовини вазири фарҳанг ва намояндаи парлумони Тоҷикистон фаъолият карда, ҳамзамон устоди риштаи рӯзноманигорӣ дар Донишгоҳи давлатии кишвар буд, аз вазъи телевизионҳо ибрози нигаронӣ кардааст.

Вай мегӯяд: « Телевизиони мо телевизиони консертӣ шудааст, вазифаи идеологиро иҷро намекунад. Афсӯс, ки ин ҳолат чандин сол аст, ки идома дорад. Телевизионе, ки ман кор мекардам, телевизиони идеологӣ буд».

Усмонов меафзояд: «Мо шореҳ, журналисте, ки бо халқ гап занад, надорем. Шоиргӯ ва шиорпарто дорем.»

Вай таъкид кардааст, гоҳ-гоҳ мебинам ва асосан ахбор мебинам, то ки аз вазъи кишвар бохабар бошам. Вале барномаи мушаххасе барои тамошо надорам.

БЕШТАР БИХОНЕД: