Дидори сафири Тоҷикистон ва дабири кулли ЭКО дар Теҳрон
(last modified Fri, 22 Jan 2021 14:19:28 GMT )
Январ 22, 2021 19:19 Asia/Dushanbe
  • Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Эрон ва Ҳодии Сулаймонпур, дабири кулли Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ (ЭКО) дидор карданд
    Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Эрон ва Ҳодии Сулаймонпур, дабири кулли Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ (ЭКО) дидор карданд

Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии исломии Эрон ва дабири кулли Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ (ЭКО) дидору гуфтугӯ карданд.

Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Эрон ва Ҳодии Сулаймонпур, дабири кулли Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ (ЭКО) дар ин дидор, ки дар маҳалли дабирхонаи ин созмон дар Теҳрон анҷом шуд, масоили марбут ба ҳамкории Тоҷикистон бо ЭКО - ро дар соли 2021 мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд.

Роҳандозии иқдомоти муштарак ба муносибати эъломи шаҳри Душанбе ба унвони пойтахти гардишгарии минтақаи Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ (ЭКО) аз дигар мавзӯҳое буд, ки дар ин мулоқот дар бораи он гуфтугӯ шуд.

10 кишвари Эрон, Тоҷикистон, Туркия, Покистон, ҷумҳурии Озарбойҷон, Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон, Узбакистон ва Афғонистон узви Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ҳастанд.

 

Бештар бихонед: