Намояндаи Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дар Тоҷикистон корона гирифт ва ба хориҷ рафт
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i61014-Намояндаи_Созмони_Ҷаҳонии_Тандурустӣ_дар_Тоҷикистон_корона_гирифт_ва_ба_хориҷ_рафт
Намояндаи Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дар Тоҷикистон ба КОВИД -19 гирифтор ва барои дармон ба хориҷ мунтақил гардидааст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Январ 22, 2021 22:14 Asia/Dushanbe
  • Гирифтор шудани намояндаи Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дар Тоҷикистон ба КОВИД -19
    Гирифтор шудани намояндаи Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дар Тоҷикистон ба КОВИД -19

Намояндаи Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дар Тоҷикистон ба КОВИД -19 гирифтор ва барои дармон ба хориҷ мунтақил гардидааст.

Ба гузориши сомонаи Азия Плюс, намояндагии Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дар Аврупо бо интишори баёнияе зимни таъйиди ин хабар эълом кардааст, ки хонум Бахтигул Қориева пас аз сафар ба вилояти Суғд ба Ковид -19 мубтало шуда ва муддате дар хонаву бемористони бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе таҳти дармон будааст.

Намояндагии Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дар Аврупо дар баёнияи худ афзудааст, ки ба далели доштани бемориҳои заминаӣ ва ногувор шудани вазъи саломатии хонум Қориева тасмим бар ин шуд, ки вайро барои идомаи дармон ба кишвари Дания, маҳалли қаблии кораш мунтақил кунанд.

Мубтало шудани намояндаи Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дар Тоҷикистон ба вируси корона дар ҳолест, ки оморҳои расмӣ тӯли 10 рӯзи ахир ҳеч мавриди ҷадиди ибтило ба КОВИД -19 -ро сабт накардаанд.

Акунун доктор Виктор Олшавски, намояндаи собиқи Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дар кишвари Босния ва Герсоговина ҷонишини хонум Қориева шудаву ба наздикӣ барои фаъолият ба Тоҷикистон хоҳад омад.

Дар баёнияи намояндагии Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дар Аврупо таъкид шудааст, ки ин ниҳод ҳамкорӣ бо Тоҷикистонро барои мубориза бо Ковид -19 идома хоҳад дод.

 

Бештар бихонед: