ВКД: саркуб набуд, тамрин буд
(last modified Sat, 23 Jan 2021 14:50:15 GMT )
Январ 23, 2021 19:50 Asia/Dushanbe
  • Пулиси вилояти Суғд эълом кард, дар шаҳри Хуҷанд размоиши зидди шӯриш баргузор карда ва саркубе дар кор набудааст
    Пулиси вилояти Суғд эълом кард, дар шаҳри Хуҷанд размоиши зидди шӯриш баргузор карда ва саркубе дар кор набудааст

Дар яке аз воҳидҳои низомии шаҳри Хуҷанд нерӯҳои пулис тамрини саркуби эътирозҳо ва таҷаммуоти эҳтимолиро баргузор кард.

Ба гузориши сомонаи Топ Тҷ, мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтаанд, ки ин тамрин барномарезӣ шудааст ва ҳадафи он дифо аз назми умумӣ ва сохтори сиёсии кишвар дар баробари ҳар навъ эътирозот ва таҷаммуъоти ғайриқонӯнӣ мебошад.

Акбар Шарифӣ, сухангӯи пулиси вилояти Суғд гуфт: «бархе аз шабакаҳои иҷтимоӣ ин тамринҳоро ба унвони саркуби воқеии эътирозот мунъакис кардаанд, ки ҷои таассуф дорад.»

Бо ин ҳол, бархе коршиносон муътақиданд, ки ҳадаф аз баргузории ин тамрин дар шароити маҳдудияти барқ ва эҳтимоли баргузории таҷаммуъҳои эътирозомез, тарсондани мардум аст.

Абдумалик Қодиров, таҳлилгари сиёсӣ дар Тоҷикистон мегӯяд: «албатта буҳрони камбуди барқ дар фасли зимистон, ки мақомоти муддаиянд ба далели камбуди об дар сади нерӯгоҳи барқи обии Норак эҷод шуда, метавонад ба авзоъи иҷтимоии кишвар таъсир расонад. Аз ин рӯ, нерӯҳои интизомӣ бо баргузории ин тамринҳо чунин паём медиҳанд, ки дар сӯрати ҳар навъ эътирозӣ бо онон бархӯрди шадид хоҳад шуд.»

Дар Тоҷикистон пас аз даврони ҷанги шаҳрвандӣ дигар ҳеч навъи эътирозоти умумӣ ҳарчанд, ки бар асоси қонӯн бо муҷаввизи мақомоти имконпазир мебошад, баргузор нашуда ва дар чанд маврид чунин муҷаввиз дода нашудааст.

Аммо дар соли 2020 дар ноҳияҳои Хуросон ва Рӯшон эътирозоте алайҳи мақомоти ҳукӯматӣ баргузор шуд.

 

БЕШТАР БИХОНЕД: