Эъломи ҷузъиёти парвандаи шаҳрдори собиқи Кӯлоб пас аз ду моҳ 
(last modified Sat, 23 Jan 2021 15:29:31 GMT )
Январ 23, 2021 20:29 Asia/Dushanbe
  • Ҷурми Баҳром Иноятзода сӯи истифода аз мақом, кулоҳбардорӣ ва ришвахорӣ эълом шудааст
    Ҷурми Баҳром Иноятзода сӯи истифода аз мақом, кулоҳбардорӣ ва ришвахорӣ эълом шудааст

Додситонии кулли Тоҷикистон ду моҳ пас аз эъломи ҳукми 12 сол маҳкумияти Баҳроми Иноятзода, шаҳрдори собиқи Кӯлоб ҷузиёти парвандаи вайро расонаӣ кард.

Ба гузориши сомонаи Тоҷ Вик, ба далели пушти дарҳои баста баргузор шудани додгоҳи муҳокимаи шаҳрдори собиқи Кӯлоб ва 3 нафар аз зердастони вай акнӯн иқдом ба эъломи бархе аз ҷузиёти парвандаи ӯ кардаанд.

Бар асоси гузориши Додситонии кулли Тоҷикистон, Баҳром Иноятзода ба ҷурми сӯи истифода аз мақом, кулоҳбардорӣ ва ришвахорӣ ба 12 сол зиндон маҳкум шудааст.

Иноятзода бо дарёфти беш аз 2 миллионсомонӣ ришва иқдом ба сохти як дармонгоҳ кардааст.

Ҳамчунин дуздидани кумакҳои башардӯстона аз дигар иттиҳомоти шаҳрдори собиқи Кӯлоб эълом шудааст.

Ҳамчунин додситонии кули Тоҷикистон эълом кардааст, ки Иноятзода дар баробари ихтисоси замин ба мутақозиён 400 ҳазор сомонӣ ришва дарёфт кардааст.

Вай,  ки қаблан шаҳрдори Истаравшан дар вилояти Суғд буд моҳи май соли 2019 ба фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба мақоми шаҳрдори Кӯлоб мансуб шуд.

Ба ҳамроҳи Иноятзода ронандааш, масъӯли умури сохту соз ва мудири умури рифоҳии шаҳрдории Кӯлоб низ ба 7 то 8 сол зиндон маҳкум шудаанд.

  

БЕШТАР БИХОНЕД: