Шодмонӣ ва шукргузории мардуми Тоҷикистон дар ҷашни Сада+ аксҳо
Ба муносибат фарорасидани ҷашни Сада ва маросими шукргузории Худованд ба хотири фаровонии маҳсӯлоти кишоварзӣ мардуми шаҳри Бохтар, маркази вилояти Хатлон дар табақе ба абъоди 136 сантиметрӣ қурутоб пухтанд.
Ба гузориши сомонаи Тоҷ Вик, дар чорчӯби ин ҷашн ҳамчунин намоишгоҳ ва фурӯши маҳсӯлот ва мошинолоти кишоварзӣ баргузор шуд.
Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон дар ин маросим эълом кард: “Дар соли 2020 кишоварзони ин минтақа 985 ҳазор тон гандум, 278 ҳазор тон пахта, як миллиону 71 ҳазор тон сабзиҷот, 202 ҳазор тони мева, 355 ҳазор тон пиёз, 193 ҳазор тон картошка ва ҳазору 7 тон ангӯр ба арзиши 16 миллиарду 285 миллион сомонӣ бардошт карданд.
Ҳакимзода афзуд, ҳамчунин дар соли 2020 аз вилояти Хатлон ба хориҷ 108 ҳазор тон анвоъи маҳсӯлоти кишоварзӣ шомили пиёз, гирдӯ, меваҳои хушк, сабзиҷот ва лимӯ содир шуд.
Дар Тоҷикистон бар асоси расми суннатӣ 50 рӯз монда ба ҷашни наврӯз ҷашни Сада бо ҳадафи шукргузорӣ барои бардошти маҳсӯлоти кишоварзӣ баргузор мешавад.
БЕШТАР БИХОНЕД:
- Эрон ва Тоҷикистон ҷашни Меҳргонро сабти ҷаҳонӣ мекунанд
- Ҷашни Соли нави милодӣ дар Тоҷикистон мамнӯъ шуд
- Барпоии ҷашни Сада дар Тоҷикистон + акс