Эъзоми садҳо коргари сохтмонсози тоҷик ба Русия
(last modified Mon, 25 Jan 2021 06:56:57 GMT )
Январ 25, 2021 11:56 Asia/Dushanbe
  • Беш аз 65 дарсад аз коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия дар бахши сохту соз фаъолият мекунад
    Беш аз 65 дарсад аз коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия дар бахши сохту соз фаъолият мекунад

Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон аз эъзоми 434 коргари тоҷик барои фаъолият дар бахши сохтмонсозии вилояти Иркутск дар минтақаи Сибири Русия хабар дод.

Бар асоси тавофуқи Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон бо 3 ширкати сохтмонсозии вилояти Иркутски Русия ҳазинаи дуҳафтаии карантина , иқомат дар хобгоҳ , ғизо ва бима(суғурта)и коргарони тоҷикро корфармоёни рус пардохт мекунанд.

 Се рӯз қабл Эрик Файзулин-вазири сохтмонсозӣ ва хадамоти шаҳрии Русия аз содир шудани муқаррароти вуруди коргарони муҳоҷир аз Тоҷикистон барои бахши сохтмонсозии Русия хабар дод.

Чанд рӯз қабл Владимир Путин-раиси ҷумҳӯрии Русия дастур дода буд, ки кабинаи вазирон то рӯзи аввали моҳи марти 2021 мавзӯи осонсозии ҷазби коргарони хориҷӣ аз ҷумла шаҳрвандони кишварҳои узви ИДМ -ро ба бахши сохтмонсозии кишвараш, ки ба далели густариши Ковид 19 бо буҳрони камбуди нерӯи корӣ рӯбарӯ шуда аст , ҳаллу фасл кунад.

Ба гузориши вазорати сохтмонсозии Русия дар ҳоли ҳозир камбуди як миллиону 500 ҳазор коргари муҳоҷир дар бахши сохту сози ин кишвар эҳсос мешавад ва сокинони бумӣ наметавонанд ҷои ононро пур кунанд.

Коршиносон мегуянд, ки беш аз 65 дарсад аз наздик ба 2 миллион нафар аз коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия дар бахши сохту соз фаъолият мекарданд, ки ба далели густариши вируси корона теъдоди зиёде аз онон бекор шуданд ва иддае ҳам аз Тоҷикистон дар пайи баста шудани марзҳо натавонистанд дар соли 2020 ба Русия раванд.

 

Бештар бихонед: