Афзоиши тадбирҳои амниятии Чину Тоҷикистон дар марзҳои муштарак бо Афғонистон
(last modified Mon, 25 Jan 2021 09:06:26 GMT )
Январ 25, 2021 14:06 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши тадбирҳои амниятии Чину Тоҷикистон дар марзҳои муштарак бо Афғонистон

Нерӯҳои марзии Чину Тоҷикистон дар шимолу шарқи Афғонистон дар паи нигаронӣ аз ҳузури ҷангҷуёни хориҷӣ , тадбирҳои амниятиро шиддат додаанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз телевизиюни Ориёнои Афғонистон , посгоҳҳои амниятии Чину Тоҷикистон дар марзи вилояти Бадахшон дар шимолу шарқи Афғонистон афзоиш ёфта аст ва 400 нерӯии марзии афғон низ маъмурияти ҳифзи амнияти ин манотиқро ӯҳдадор ҳастанд.

 Бо ин ҳол нерӯҳои марзии Афғонистон бо камбуди таҷҳизоти ин кишвар дасту панҷа нарм мекунанд.

 Усома Вардуҷӣ, яке аз нерӯҳои марзӣ дар вилояти Бадахшон мегуяд : « Вақте сарбозони чину тоҷикистониро бо таҷҳизоти бисёр мебинем ва муқоиса мекунем комилан маъюс ме‌шавем».

Пеш аз ин давлати Чин хостори ташкили неруи муштарак барои барқарории амният дар марзҳои Афғонистон шуда буд, аммо бо мухолифати Амрико ин иқдом ба саранҷом нарасид.

 Кишварҳои Чин,Тоҷикистон ва Афғонистон ситоди муштараки муташаккил аз 150 нерӯро бо ҳимояти молии давлати Пекин дар марз доранд, ки вазифааш мудирият ва коҳиши таҳдидҳои марзӣ аст.

 Вилояти Бадахшон дар шимолу шарқи Афғонистон даҳҳо километр марзи муштарак бо иёлати мусулмоннишини Уйғуристони Чин дорад, ки гурӯҳи исломгарои  Туркистони шарқӣ дар он фаъол аст ва садҳо нафар аз онҷо ба гуруҳи террористии ДИИШ дар Ироқу Сурия пайвастаанд.

  

Бештар бихонед: