Густариши КОВИД -19 муомилоти тиҷории Тоҷикистон ва Чинро коҳиш дод
(last modified Mon, 25 Jan 2021 15:47:24 GMT )
Январ 25, 2021 20:47 Asia/Dushanbe
  • Эҳтимол дорад Чин ин масирро аз 12 феврал ба баъд бозкушоӣ кунад
    Эҳтимол дорад Чин ин масирро аз 12 феврал ба баъд бозкушоӣ кунад

Дар пайи баста шудани танҳо гузаргоҳи марзӣ миёни Тоҷикистон ва Чин мавсум ба Қулма аз чаҳор моҳи пеш то кунун муомилоти тиҷории ду кишвар наздик ба 20 дарсад коҳиш ёфтааст.

Ба гузориши сомонаи “ТоҷВик”, мақомоти Чин дар моҳи октябри соли 2020 ба далели густариши вируси корона ин гузаргоҳро бастанд ва дар пайи он мизони тиҷорати Тоҷикистон ва Чин дар соли 2020 ба 440 миллион доллар расидааст.

Ин нишондиҳанда баробар бо 14 дарсад аз муомилоти тиҷорати хориҷии Тоҷикистон аст.

Пеш аз он бозаргонони тоҷик аз ин масир барои воридоти масолеҳи сохтмонӣ, қисмҳои эҳтиётии мошин, либос ва таҷҳизоти компютерӣ истифода мекарданд.

Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон, эҳтимол дорад Чин ин масирро дар соли нави чинӣ, ки 12 феврал оғоз мешавад, бозкушоӣ кунад.

Дар чаҳор моҳи гузашта бозаргонони тоҷик маблағи хариди маҳсулотро ба ҳисоби ширкатҳои чинӣ ворез мекарданд ва мошинҳои чинӣ бо интиқоли молу маҳсулот ба ин гузаргоҳи марзӣ, маҳмулаҳоро ба тоҷикистониҳо таҳвил медоданд.

Умдатарин маҳсулоти мавриди ниёзи Тоҷикистон ҳамчун гандум, сӯхт ва маводи ғизоӣ аз Русия ва Қазоқистон ворид мешавад, ки баробар бо 55 дарсад аз кулли тиҷорати хориҷии ин кишвар аст.

 

Бештар бихонед: