Тамоюли британияиҳо барои бозгашт ба Иттиҳодияи Аврупо
Натоиҷи тозатарин назарсанҷии суратгирифта дар Британия нишон медиҳад. ки бештари мардуми ин кишвар моил ба бозгашт ба Иттиҳодияи Аврупо ҳастанд .
Мардуми Британия ин рӯзҳо, ки таваррум дар кишварашон ба болотарин ҳад дар ним қарни гузашта расида, бештар мутаваҷҷеҳи бефоида будани Бригзит шудаанд . Дар тавофуқи бадастомада Британия имтиёзи хосе ба даст наёвардаву ончӣ аз он бо номи ҳифзи ҳокимият ё дар даст гирифтани контролу сарнавишти кишвар таъбир мешавад амалан бо маҳдӯдиятҳои таҳмилшуда дар ин тавофуқ бемаънӣ аст .
Ҳарчанд давлати Британия исрор дорад. ки мушкилоти иқтисодии кишвар ношӣ аз ҷанг дар Украина аст. аммо таҳлилгарон саҳми бештареро барои Бригзит қоил ҳастанд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ёфтаҳои муассисаи муътабари « Беам ҷай » нишон медиҳад бештари британияиҳо муътақиданд ки дар сурати бозгашти ин кишвар ба Иттиҳодияи Аврупо буҳрони ҳазинаҳои зиндагӣ беҳбуд ва тиҷорат бо соири кишварҳо тавсеа хоҳад ёфт .
47 дарсад дар ин назарсанҷӣ пешбинӣ кардаанд, ки узвияти муҷаддади Британия дар Иттиҳодияи Аврупо осори мусбате хоҳад дошт ва 24 дарсади хилофи онро тасаввур мекунанд .
Аз назари касоне. ки дар ин назарсанҷӣ ширкат кардаанд бо узвияти муҷаддади Британия дар Иттиҳодияи Аврупо мушкилоти низоми рӯ ба фурӯпошии беҳдошти ин кишвар ва ҷойгоҳу нуфӯзи он дар ҷаҳон низ беҳбуд хоҳад ёфт.
Танҳо ҳавзае ки онҳо бозгашти Британия ба Иттиҳодияи Аврупоро ғайрисудманд медонанд муҳоҷират аст .
Лондон пас аз ҳамапурсӣ дар соли 2016 барои хурӯҷ аз Иттиҳодияи Аврупо саранҷом рӯзи ҷумъа 31 январи 2020 расман аз Иттиҳодияи Аврупо хориҷ шуд.