Паёми Эмомалӣ Раҳмон ба Парлумони Тоҷикистон
(last modified Tue, 26 Jan 2021 06:33:11 GMT )
Январ 26, 2021 11:33 Asia/Dushanbe
  • Суханронии Эмомалӣ Раҳмон тавассути тамоми шабакаҳои радио ва телевизиони Тоҷикистон мустақиман пахш хоҳад шуд
    Суханронии Эмомалӣ Раҳмон тавассути тамоми шабакаҳои радио ва телевизиони Тоҷикистон мустақиман пахш хоҳад шуд

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт: Соли 2020 ба далелли густариши вируси корона яке аз вазнинтарин давраҳо дар ҳукумати ин кишвар будааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солонаи худ ба маҷлисҳои миллӣ ва намояндагони Тоҷикистон афзуд: Ҳукумат дар соли 2020 бештарин талоши худро ба кор баст то таъсири вайронгари бемории Ковиди 19 дар Тоҷикистон ба ҳаддиақал коҳиш ёбад.

 

Вай афзуд: Ба ин манзур ба бахши беҳдошт ва дармони Тоҷикистон илова бар буҷети пешбинишуда як миллиард сомонӣ ихтисос дода шуд.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қадрдонӣ аз заҳамоти коркунони бахши дармони ин кишвар дар заминаи мубориза бо Ковиди 19 аз фаъолони бахши хусусӣ ва некӯкороне, ки ба бахши беҳдошт ва дармон кӯмак кардаанд низ ташаккур кард.

Дар паёми солонаи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба парлумон самти сиёсати хориҷӣ ва дохилии кишварро дар соли 2021 муайян мекунад.
 
Ин нишаст, ки бо мушорикати аъзои ҳукумат, масъулони созмонҳо ва идороти давлатӣ, вилоятҳо, ноҳияҳо ва дипломатҳои хориҷии муқими Душанбе баргузор шудааст аз тамоми шабакаҳои радиоӣ ва телевизиюнҳои давлатии ин кишвар ба таври мустақим пахш мешавад.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмони паёми солонаи худ ба Парлумони ин кишварро маъмулан авохири сол ироя мекард, аммо имсол ин паём ба соли ҷадид мавқуф гузошта шуд.

 
Хабарҳои  такмилӣ мунташир мешаванд. ..

 

Бештар бихонед: