Январ 27, 2021 21:55 Asia/Dushanbe
  • Дар 16 рӯзи ахир ҳеч ибтилои ҷадид ба Ковид -19 дар Тоҷикистон шиносоӣ нашудааст
    Дар 16 рӯзи ахир ҳеч ибтилои ҷадид ба Ковид -19 дар Тоҷикистон шиносоӣ нашудааст

Сухангӯи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон андешидани тадбирҳои бамавқеъ ва таъсиргузор барои пешгирӣ аз густариши Ковид – 19 -ро омили сифр шудани теъдоди мубталоён ба ин беморӣ дар ин кишвар эълом кард.

Ба гузориши сомонаи “Спутник”, Эмомалӣ Мирзо гуфтааст, ки Ковид -19 дар муқоиса бо дигар кишварҳои минтақа дар Тоҷикистон дертар густариш пайдо кард ва барои мубориза бо ин беморӣ дар тамоми гузаргоҳҳои марзӣ ва фурӯдгоҳҳо таҷҳизоти пешрафта насб ва вуруди мусофирон контрол шуд ва афроди машкук барои 14 рӯз карантин шуданд.

Сухангӯи Вазорати тандурустии Тоҷикистон афзуд: Ҳамчунин дар ин муддат тамоми марказҳои тиҷорӣ, мактабу донишгоҳҳо, ресторанҳо, маконҳои ғизохӯрӣ ва масҷидҳо баста шуданд.

Ба гуфтаи Эмомалӣ Мирзо, аз ибтидои густариши вируси корона дар Тоҷикистон 11 озмоишгоҳи нав барои ташхиси ин вирус ва теъдоди зиёде марокизи дармонӣ кушоиш ёфт ва дар ин марказҳо заминаи анҷоми озмоишҳои бештар дар заминаи ибтило ба Ковид -19 фароҳам шуд.

Вай изофа кард: Бо сифр шудани теъдоди мубталоён ба Ковид -19 дар Тоҷикистон фазои тарсе, ки аз ин беморӣ эҷод шуда буд, бартараф шуд, ки худи ин масъала низ омили муҳиме дар мубориза бо корона ба ҳисоб меояд.

Мақомоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон эълом кардаанд, ки дар 16 рӯзи ахир ҳеч мавриди ҷадиде аз ибтило ба Ковид -19 дар ин кишвар шиносоӣ нашудааст.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп