Дархости 15 сол зиндон барои Муҳаммадмурод Одинаев
(last modified Thu, 28 Jan 2021 06:27:48 GMT )
Январ 28, 2021 11:27 Asia/Dushanbe
  • Муҳаммадмурод Одинаев ба авбошигарӣ ва ифротгароӣ айбдор шудааст.
    Муҳаммадмурод Одинаев ба авбошигарӣ ва ифротгароӣ айбдор шудааст.

Намояндаи додситонии ноҳияи Рӯдакӣ барои Муҳаммадмурод Одинаев ҳукми 15 сол зиндон дархост кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Топ Ти Ҷи, намояндаи додситонӣ аз додгоҳ хостааст, ки бар асоси ду модаи қонуни ҷиноии Тоҷикистон барои иттиҳоми авбошии 6 сол ва иттиҳоми даъват ба ифротигарӣ 9 сол ва дар маҷмӯъ ба муддати 15 сол Муҳаммадмурод Одинаевро ба зиндон маҳкуми кунад.

Ҳамчунин  Ҳабибуллоҳ Ризоев писари Муҳаммадмурод Одинаев, ки ба қайди васиқа дар боздошт нест ва дар ин додгоҳ ҳузур дорад гуфтааст, ки намояндаи додситонӣ барои вай низ ба иттиҳоми авбошӣ 4 сол зиндон дархост кардааст.

Бо ин ҳол Ризоев таъкид кардааст, ки у ҳангоми моҷарои ҷанҷоли падараш бо кормандони Комиссариати ҳарбии ноҳияи Ҳисор ҳеч навъи таҳарруке, ки мӯҷиби ворид кардани иттиҳоми авбошӣ шавад, анҷом надодааст.


 
 
Қаблан дар баёнияи Додситонии кулли Тоҷикистон дар бораи боздошти Муҳаммадмурод Одинаев омада буд: «вай бо эътироз ба эъзоми яке аз фарзандонаш ба хизмати сарбозӣ ин иқдомро ғайриқонунӣ хонда бо кормандони идораи Комиссариати ҳарбии ноҳияРаҳмати Ҳисор даргир шуда ва бо расидани маъмурони полис аз маҳалли ҳодиса фирор кардааст .»

Одинаев рӯзи 5 январ боздошт шуд.
 
Бо ин ҳол Раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон Раҳматуллоҳ Зоиров, ки дар ҷаласаи додгоҳ ҳузур дошт эълом карда аст, ки вакили мудофеъи муовинаш хостори баррасии дубораи ин парванда шудааст, ки ибҳомоти зиёде дорад. Аммо ба далели шитоби мақомоти додгоҳ барои судури ҳукми маҳкумияти Муҳаммадмурод Одинаев ба назар мерасад вай рӯзҳои наздик ба зиндон маҳкуми хоҳад шуд.

Одинаев қабл аз боздошт бо интишори паёме дар шабакаҳои иҷтимоӣ, судури муҷаввиз барои баргузории таҷаммӯъ дар эътироз ба афзоиши нархҳо дар Тоҷикистонро хостор шуда буд.

 

Бештар бихонед: